Стоп! Нархи парвоз аз 500 доллар зиёд нашавад!
Икром Субҳонзода,директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфтааст,ки се ширкати ҳавопаймоии Русия: “Сибир”, “Уралские авиалинии” ва “Ямал” розӣ шудаанд, ки аз 22 май нархи чиптаҳои парвозашон аз Тоҷикистон ба Русияро аз 500 доллар болотар нафурӯшанд. Як моҳ боз байни Агентии авиатсияи гражданӣ ва 4 ширкати Русия бар сари нархи парвозҳо ихтилоф идома дошт ва Агентӣ ҳатто маҷбур шуд, ки ширкати “Северний ветер”ро ба ҳамин далел аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ маҳрум кунад. Ба ин ширкат иҷозат додаанд, ки танҳо он мусофиронеро, ки алакай чипта харидаанд, ба Русия бирасонад ва бо ҳамин, ба қавли маъруфи тоҷикӣ, бору бӯғчаашро ҷамъ кунад. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба сабаби баланд нигоҳ доштани нархҳояшон ширкати “Сибир”ро ҳам чанд рӯз аз ҳаққи парвоз маҳрум кард ва ба “Уралские авиалинии” ва “Ямал” ҳам ҳушдор дода буд, ки мувозеҳи нархҳояшон бошанд.
озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ