Стратегҳои Тоҷикистон ба Ӯзбекистон мераванд
Дар соли 2018 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 гузориши таҳлилӣ, иттилоотӣ, ки 456 саҳифаро ташкил медиҳад, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод кардаанд.
Ин нуктаро Диловар Қодирзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл дар ин ниҳод роҳбар таъин шудааст, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Номбурда иброз намуд, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамчун сохтори таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегиҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро аз рӯи нақшаҳои таҳрезишуда ба роҳ хоҳад монд.
Директори тозатаъйини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода гуфт, ки дар доираи тавсеаи ҳамкории ду ниҳоди пажуҳишӣ як гурӯҳ кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки нимаи дуюми моҳи март дар Тошканд доир мегардад, иштирок менамоянд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Тибқи ин санади ҳамкорӣ, ниҳодҳои пажуҳишии ду кишвари ҳамсоя робитаҳоро тақвият бахшидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ