Суғд: Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара беҳтарин дониста шуд
Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ғолиби бахши деҳоти беҳтарини озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, озмуни мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гузаронида шуда, 10-уми январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибон сурат гирифт.
Ҷойи дуюмро дар ин номинатсия деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷойи сеюмро деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиб гардидаанд.
— Дар вазъияти тантанавӣ ба раисони ҷамоатҳои ғолиб аз ҷониби муовини якуми сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода диплому мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 6000 сомонӣ, 4000 сомонӣ ва 2000 сомонӣ супорида шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ