Суғд: 527 ҳодисаи фавқулодда дар 9 моҳ, 167 нафар ҷон бохтанд

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд 527 ҳодисаи фавқулодда ба қайд гирифта шудааст. Бар асари он 167 нафар ба ҳалокат расидаанд. Маблағи зарар 22 миллиону 333 ҳазору 566 сомониро ташкил додааст.

Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти 9 — моҳаи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар ин давра аз ҷониби Раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 1022  машқу тамринҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят дар водии Зарафшон давоми 9 моҳи соли ҷорӣ, дар 79 амалиёти наҷот, кофтукобӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуда, дар 29  амалиёти кушодани дарҳои хонаҳои истиқоматӣ, 11 амалиёти бартараф намудани оқибатҳои садамаи нақлиётӣ, 35 амалиёти корҳои зериобӣ ва рӯиобӣ ва 1 амалиёти бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ ба мардум кумак расониданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *