Суғд: Бародар додарро бо табар зад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Бародар додарашро бо табар 4-маротиба ба сараш задаст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, рӯзи 24-уми декабри соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо бародараш марди 41-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо табар 4-маротиба ба сараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, — омадааст дар иттилоия.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ