Суғд: Барои маҳбусони озод шуда ҷойи кор фароҳам меоварад
Масъулони идораи шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, барои маҳбусони афвшуда ҷойи кор фароҳам мекунанд
Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд гуфт, ҳоло руйхати 560 нафарро дастрас намудаанд, ки бар асоси қонуни афви имсола аз маҳбас озод шудаанд.
Нодирӣ таъкид намуд, ки барои бо шуғл фаро гирифтани афвшудаҳо корбарӣ мекунанд.
«Ин ҳанӯз рӯйхати ниҳои нест ва эҳтимол то поёни соли ҷорӣ шумора тағйир ёбад. Идораҳои шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ҳар як нафари онҳо барои бо шуғл, ё касбомӯзӣ ва ё аз кӯмакпулӣ бархурдор шуданашон корбарӣ мекунанд», — изҳор дошт дар суҳбат ба манбаъ.
Масъулини идораи шуғли аҳолӣ дар Суғд мегӯянд, ҷойи корӣ барои ашхоси бекор дар заминаи соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, роҳсозӣ, хизматрасонии нақлиёт ва ба ин монанд идораҳо фароҳам оварда мешавад, ки аз 400 то беш аз 1600 сомонӣ маош доранд.
Инчунин дар марказҳои таълимӣ барои афв шудагон курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ташкил карда мешавад.
Дар вилояти Суғд давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2597 нафар бекор аз 1 миллиону 73 ҳазор сомонӣ кумакпулии давлатӣ бархӯрдор гардидаанд. Дар ин омор сарбозони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда ва маҳбусони афвгаштаи солҳои қаблӣ низ шомиланд.
Кумакпулӣ бо навбат давоми се моҳ пардохт карда мешавад ва ҳаҷми он барои як моҳ 400 сомонӣ муқаррар шудааст. Роҳбарони идораҳои шуғли аҳолӣ мегӯянд, аз он, ки шумори муроҷиатҳо барои гирифтани кумакпулӣ дар миёни бекорон зиёд аст, гоҳе ҳаҷми пардохти он ихтисор карда мешавад.
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Суғд мегӯяд, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 15 ҳазору 400 нафар бекор расман сабтшуда бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ба иттилои ин идора, дар ҳоли ҳозир 8300 нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумор 4711 нафар зан, 3595 нафар мард мебошанд, ки аз шумораи умумӣ 4974 нафар ҷавонони аз 18 то 30-сола ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ