Фаррух Мақсудзода: Суғд барои мубориза бо СOVID-19 омода аст
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бахшида ба Иди касбии кормандони тиб бо Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ, истифодаи роҳҳои нав дар муоина ва муолиҷаи беморон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суҳбат кард. Фишурдаи мусоҳиба пешниҳоди хонандагон мегардад.
-Имрӯз мавзӯи доғ-ин бемории коронавирус ва доман паҳн кардани мавҷи дуюми он аст. Дар робита ба ин мегуфтед, ки ҳоло вилояти Суғд дар чӣ вазъ қарор дорад?
-Бале, дуруст гуфтед. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ростои мавҷи дуюми коронавирус тамоми чораҳо дида мешаванд. Ҳанӯз дар ибтидои сар задани бемории коронавирус 3-юми феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва баъдан дар вилоят ситод ташкил гардид. Барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус, табибон бо маводҳои зарурии худмуҳофизат ва доруворӣ таъмин шуданд. Моҳи март шаҳрвандоне, ки аз берун вориди вилоят мешуданд, аллакай ба карантини 14- рӯза фаро гирифтем. Ташхиси онҳоро гирифта, ба Душанбе равон мекардем. Сипас, аз ташхиси умумӣ 10 нафарашон охири моҳи апрел мусбӣ баромад. Дар 5 госпитал беморон ба табобат фаро гирифта шуданд. Талошҳои шабонарӯзии кормандони тиб самар овард ва имрӯз шиддати сирояти коронавирус дар вилоят хеле коҳиш ёфтааст.
-Ҳоло чанд нафар гирифтори ин беморӣ ҳастанд?
-Аз 30-юми феврал то њол 1939 нафар ба сирояти коронавирус тасдиқ шудааст.
— Фавт чӣ?
-16 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.
— Дар сурати хурӯҷи мавҷи дуюми коронавирус оё вилоят омода аст? Зеро дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳамсоякишварҳо мавҷи дуюми он доман паҳн мекунад.
-Вилоят ҷиддӣ омода аст. Маводҳои зиддивирусӣ, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ захира шудааст. Наздики 2000 кати иловагӣ ҷудо кардем. Аз ин 1050 кати сироятӣ ва 270 кат барои шаҳрвандоне, ки ба карантин фаро гирифта мешаванд. Дар вақти зарурият метавонем онро бештар намоем. Инчунин, аз маркази Душанбе ба вилоят таҷҳизот ва дорувории зиёд ворид шудааст. Аз тарафи раиси вилоят амр шуд, ки дар муассисаҳои тиббӣ захираҳои доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро аз назар гузаронем. Захира кофист.
-Баргардем ба дастовардҳои соҳаи тандурустии вилоят. Дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бояд тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоят бо бунгоҳҳои тиббӣ таъмин гарданд. Иҷрои он дар кадом поя қарор дорад?
-Умуман, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон наздики 300 иншоот ба истифода дода шуданд. Ба ин дохил мешавад: беморхона, бунгоҳҳои тиббӣ, дорухона, таваллудхона. Моҳи сентябри соли равон боз 6 муаассисаҳои дигари тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
-Ин муассисаҳои тиббӣ дар куҷо ҷойгиранд?
-Дар шаҳри Хуҷанд Беморхонаи маркази дилшиносӣ ба номи Амонулло Орипов ва дар шаҳри Панҷакент Беморхонаи марказии шаҳр бо корпуси иловагӣ барои 200 кат рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд. Инчунин, ду иншооти дигари тиббї хусусӣ буда, аз номи соҳибкорон дар ноҳияҳои Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
-Ду беморхонае, ки дар ибтидо гуфтед, чӣ иқтидор доранд?
-Беморхонаи дилшиносии вилоят дорои ду бинои иловагӣ ва дорои 200 кати хоб мебошад. Мо дар нақша дорем, ки шуъбаи ҷарроҳиро ба ҳамин бинои нав гузаронем. Ҷарроҳиҳои шунтикунонӣ, нуқсони модарзодии дил, стенкунонӣ ва дигар амалиётҳое, ки пештар берун аз ҷумҳурӣ гузаронида мешуданд, амалӣ намоем. Ҳарчанд ин ҷарроҳиҳоро мо 5 сол пеш шурӯъ карда будем, аммо имрӯз бо таҷҳизоти наву шароити хуби корӣ амал хоҳем кард. Яъне, мақсад дорем, ки намудҳои ҷарроҳиро зиёд кунем. Барои машварат мутахассисони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ин ҷо онлайн — ҷарроҳӣ мегузарад, ки ҳангоми ҷарроҳӣ мутаххасисони варзидаи дохилї ва хориҷї онро назорату машварат медиҳанд. Бо ин амал мо мехоҳем, ки таҷрибаи якдигарро ғанӣ гардонем.
Инчунин, маркази дилшиносӣ дар Панҷакентро, ки 15-20 км аз маркази шаҳр дур буд, мекӯчонем. Дар ин ҷо ҳам шуъбаи ҷарроҳӣ ташкил карда мешавад, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида мешавад.
-Албатта, ин муассисаҳои тиббӣ кӯчак нестанд. Бо саҳми кӣ бунёд меёбанд ва маблағи умумӣ чӣ қадар аст?
-Зиёда аз 44 миллион сомонӣ масраф мешавад. Ин ҷо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муассир аст. Таҷҳизотро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад.
-Мегӯянд, ки вилоят аз нигоҳи иқтидори кадрӣ дар соҳаи тиб сахт танқисӣ мекашад. Шумо чӣ назар доред?
-Дуруст, дар ин самт мо норасоии кадр дорем. Соли равон 220 мутахассиси ҷавон дар муассисаҳои тиббии вилоят ба кор қабул карда шуданд. Аммо новобаста аз ин 800 нафар мутахассис намерасад, ки бештарашон тибби оилавӣ мебошанд. Ҳар сол аз номи Раёсати тандрустии вилоят ба унвонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мефиристем. Ба таври имкон мутахассисон меоянд. Ҳоло аз номи раиси вилоят барои ҷалби бештари табибони ҷавон ҳавасмандӣ шуда истодааст.
-Ин ҳавасмандӣ дар чӣ ифода меёбад?
-Пеш аз ҳама, дар минтақаи вилоят ба табибон замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад. Инчунин, дар нақшаи мақомоти вилоят ҳаст, ки ба табибони эҳтиёҷманд хонаҳо истиқоматӣ бунёд карда мешавад. Умед дорем, ки ин масъала ду-се соли охир ҳалли худро меёбад. Ногуфта намонад, ки ҳар сол аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гурӯҳи табибон барои мубодилаи таҷриба ва омӯзиши тибби пешрафта ба кишварҳои хориҷа сафарбар мешаванд. Худи табибони вилоят ҳам аз ҳисоби худ ба давлатҳои хориҷї, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Аврупо барои таҷрибаомӯзӣ мераванд.
-Ҳаст таҷрибаи тибби пешрафтаи дохилї ё хориҷї, ки вилоят истифода барад?
-Бале. Аммо мо асосан такя ба тибби пешрафтаи пойтахт мекунем. Зеро ҳоло тамоми намуди табобат ва амалиётҳо дар Душанбе вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, бештари табибони мо барои омӯзиши таҷриба ба Душанбе мераванд.
-Имрӯз чанд нафар дар соҳаи тибби вилоят кор мекунанд? Зимнан, дар миёни онҳо номзади илм, доктори илм ҳастанд?
-Дар маҷмӯъ, кормандони тиб зиёда аз 35 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Аз инҳо 70 нафар номзади илм ва 5 нафар доктори илм мебошанд. Мутаассифона, дар соҳаи тиб академик надорем.
-Имрӯз соҳаи тандурустии вилоят бо кадом дастовардҳо ифтихор мекунад?
-Албатта, дастовардҳои зиёд дорем. Чандин муассисаҳои тиббӣ бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беморхонаи №3, Беморхонаи сироятии ҷамоатии Хистеварз, Корхонаи дорубарории “Фарм -Суғд”, Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Шаҳристон ва боз чанд муассисаи тиббии муваффақ ба истифода дода шуданд. Ҳамчун сардори Раёсати тандурустии вилоят бевосита шоҳид будам. Инчунин, вилоят дар бисёре аз гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ, аз ҷумла чашм, эндротескунии буғумҳо ва ғайра пешсаф аст. Таҷҳизоте дорем, ки баъзан дар Осиёи Марказӣ нест.
-Соли гузашта дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд таҷҳизоти нави тиббӣ ворид гардид. Ин чӣ таҷҳизот аст ва чаро беморони саратон аз вилоят бештар ба Душанбе ё кишварҳои хориҷӣ мераванд?
-Ҳоло дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар ҳамкорӣ бо ташкилоту ниҳодҳои байналмилалӣ дастгоҳу таҷҳизоти навтарин ворид гардида истодааст. Маркази саратоншиносии вилояти Суғд аз ҷумла онҳост. 18 августи соли 2019 шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилоят бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд гардид. Бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба маблағи зиёда аз 2 миллион доллари ИМА таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” харидорӣ ва насб карда шуд. Дар кушодашавии бинои шуъба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори Департаменти техникии Агентии байналмилалии неруи атомӣ Ана Раффо-Каиадо иштирок доштанд. Бунёд ва ҷиҳозонидани шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти муосири тиббӣ имкон медиҳад, ки беморон дар дохили вилоят табобат гиранд.
-Интизор меравад, ки дар беморхонаҳои вилоят хатҳои махсуси кислород насб гардад. Моҳияти ин чист? Ба хонандагон шарҳ диҳед.
-Ин супориши раиси вилоят аст. То 1-уми сентябр дар тамоми беморхонаҳои марказӣ ва шуъбаҳои сироятии вилоят хатҳои оксигенӣ насб мегардад. Дар давраи пандемия набудани инро мо эњсос кардем, зеро беморон аз нарасидани ҳаво сахт азият мекашиданд. Аллакай барои хариди таҷҳизот аз ҳисоби мақомоти вилоят маблағ ҷудо гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ