Суғд: Барои пешгирии «Каронавирус» ситод ташкил дода шуд
Дар вилояти Суғд ба хотири пешгирӣ аз «Каронавирус» ситоди махсус таъсис дода шуд. Дар ин бора Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар бораи захираи маводи тиббии пешгирикунанда аз сирояткунии коронавирус дар бемористону марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон иттилоъ дод.
Сардори Раёсати тандурустии Суғд гуфт, дар пайи таъсиси ситоди корӣ алайҳи паҳни коронавирус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, марказҳои саломатӣ ва идораҳои беҳдоштӣ, маводи пешгирикунандаи тиббӣ ба таври кофӣ захира карда шудааст.
«Ҳоло дар мо захираи 110 ҳазор ниқобҳои яккаратӣ, инчунин 5 ҳазор литр маҳлулҳои дорувории антивирусӣ ва 9 ҳазор картон — таблеткаҳои зиддивирусӣ мавҷуд мебошад ва ягон ҷои хавотирӣ аз олудашавӣ ба коноравирус вуҷуд надорад», — гуфт Мақсудзода.
Сардори Раёсати тандурустӣ афзуд, ситоди корӣ дар назди ин ниҳод ва идораҳои назорати санитарию эпидемологии Суғд сар аз 1-уми феврал бо реҷаи навбатдории шабонарӯзӣ амал мекунад. То ҳол ҳеҷ ҳодисаи сирояти коронавирус аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳо шимоли Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Ӯ гуфт танҳо дар рӯзҳои аввали моҳи феврал, 62 сокини Суғд, асосан донишҷӯён, дар вақти таътили донишгоҳҳо аз кишвари Чин ба хонаҳояшон баргаштаанд ва ҳамаи онҳо саломат ҳастанд.
«Новобаста аз он, ки ҳарорати бадани онҳо паст ё баланд аст, мо онҳоро карантин гузаронидем. Тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо маводи доруворӣ ва ҳароратсанҷҳо таъмин ҳастанд», — зикр намуд Мақсудзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ