Суғд: Дар 6 моҳ 162 корхонаву коргоҳи нав
Давоми 6 моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расонида шудаааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 111,1 фоиз таъмин гардидааст.
Ин нуктаро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хабарнигорон баён дошт.
Ҳамзамон, дар миқёси вилоят 162 корхонаву коргоҳи нав бо 1146 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намудаанд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 4 миллиарду 201,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 фоиз таъмин гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ