Суғд: Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон муаррифӣ шуд

Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстон озод намудани Раъно Ҳошимзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон таъин намудани Муинӣ Мавсума Муинзодаро ба самъи фаъолони шаҳр расонид.

— Таъкид карда шуд, ки фаъолон ва сокинони шаҳри Бӯстон зери роҳбарии Раъно Ҳошимзода ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд ва ҳамакнун Раъно Ҳошимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳр озод гардид. Раиси вилоят ба Раъно Ҳошимзода барои фаъолияти босамараш изҳори сипос карда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо орзу намуд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба Муинӣ Мавсума Муинзода низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо хоста, дар назди роҳбарияти шаҳр ва фаъолон вазифаҳои мушаххас гузошт,- меафзояд манбаъ.

Боиси зикр аст, ки Муинӣ Мавсума Муинзода 8-уми октябри соли 1981 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Соли 2003 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуд. Аз соли 2004 то 2009 дар кафедраҳои «Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст. Солҳои 2009-2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми июли соли 2014 муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 12-уми январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намудааст. 12-уми январи соли 2017 муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардида, то 26-уми январи соли 2022 дар ин вазифа кор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *