Суғд: Иштироки 20 000 нафар дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент (аксҳо)
Имрӯз, 15 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки беш аз 20 000 нафар сокинони касбу кори гуногун ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ кард.Ӯ сокинони вилояти Суғдро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз хизматҳои роҳбари давлат дар рушду ободии кишвар гуфт.
Фазои маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд имрӯз идона буд. Гурӯҳи ҷавонони фаъоли Суғд, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва гирандагони стипендияи Президентӣ дар ин ҳамоиш бар даст шиору овезаҳо доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ