Суғд: Камчинии обу талафи “тиллои сафед”

Дар вилояти Суғд соли равон деҳқонон ба мушкилоти норасоии оби полезӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ин ҳолат асосан ба майдони кишти пунбадона таъсири ҷиддӣ расонид. Зеро номусоид омадани вазъи обу ҳаво ва норасоии оби полезӣ дар масвими киштукори имсола ба нашъунамои ҳосили пахта зарар расонид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳа иттилоъ дода буд, ки имсол обтаъминкунии хоҷагиҳо назар ба солҳои қаблӣ то ҷое беҳтар шудааст. Аммо бо вуҷуди ин муаммои норасоии оби полезӣ ва саривақт обёрӣ накардани майдони кишти пахта мушкили рақами 1 барои деҳқонон буд.

Соли равон дар майдонҳои кишти вилоят тибқи дурнамо бояд дар умум дар майдони 59 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида мешуд. Аммо, бино ба иттилои сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, аз сабаби номусоид омадани вазъи боду ҳаво соли равон дурнамо иҷро нагардид. Яъне гуфта мешавад, ки майдони кишти пунбадона назар ба соли гузаштаи 2022-юм беш аз 7 ҳазор гектар кам шудааст. Ҳоло дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят ҳамагӣ дар майдони 50 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки аз ин миқдор беш аз 1000 (ҳазор) гектараш бинобар норасоии оби полезӣ талаф ёфт.

Талафёбии майдони кишти пахта соли равон асосан дар яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Суғд — Бобоҷон Ғафуров ба назар расид. Зеро деҳқонони ин ноҳия ба муаммои ҷиддии норасоии оби полезӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ин буд, ки дар мавсими имсола беш аз 1000 гектар замини кишти пунбадона аз беобӣ хушк шуда, талаф ёфт.

Гуфта мешавад, ки ин мушкилот асосан дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Ӯрунхӯҷаев ва Овчиқалъачаю Хистеварз ба қайд гирифта шуд. Зеро бештари заминҳои кишти ин хоҷагиҳо маҳз тариқи сойи Хоҷабақирхон обёрӣ карда мешаванд. Аммо соли равон деҳқонон барои дастрасӣ ба об аз сойи мазкур мушкилӣ кашиданд. Тибқи дурнамо бояд пахтакорони ноҳия соли равон дар майдони 8 ҳазору 200 гектар пахта кишт мекарданд. Аммо номусоид омадани вазъи обу ҳаво дар мавсими киштукор боиси кам шудани майдони кишт гардид. Аммо бо вуҷуди ин масъулин вазифадоранд, ки ҳосилнокиро аз майдонҳои кишти дигар баланд бардошта, нақшаи пешбинишударо сад дар сад иҷро кунанд.

Ҳоло дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд марҳилаи аввали ғунучини ҳосили пахта оғоз шудааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ҷалби чинакчиён ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд, то ин ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосилро саривақт ҷамъоварӣ карда, ба хирмани давлат супоранд. 

Фарзона ШАМСИЕВА, вилояти Суғд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *