Суғд: Моҳе як модар “сари фарзанд” меравад!
Тибқи омори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, дар давоми 11 моҳи соли равон нуҳ нафар замон дар вақти таваллуд фавтидаанд. Ба ҳисоби миёна қариб ҳар моҳ як нафар зан дар вақти таваллуди кӯдак «сари фарзанд» меравад.
Сабаби асосии фавти занон ҳангоми таваллуд ба таври бояду шояд иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби духтурон, бахусус духтурони таваллудхонаҳо арзёбӣ мешавад. Аз ин ҷост, ки танҳо ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар вилояти Суғд 62 муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст, ки беш аз 20 ададаш шикоят аз касбияти духтурҳо ва муомилаи нодурусти онҳо аст.
Баъди баррасии шикоятҳо нисбат ба 48 нафар корманди тиб чораҷӯии интизомӣ татбиқ карда шудааст. Нисбати ду духтур протоколҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда ҳамагӣ як мавод барои дида баромадан ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи талаботи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.02.2016, №69 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қоидаҳо оид ба тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола кормандони тиб аз аттестатсия мегузаранд ва он кормандоне, ки дар рафти кор ба хатоӣ роҳ медиҳанд “масъалаи паст намудани дараҷанокии касбӣ”- ҷазои аввалин барои онҳо. Агар хатоӣ ҷиддӣ бошад ва ба фавт ё ҳолатҳои вазниншавии бемор оварда расонад, аз кор озод кардану ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан оварда мерасонад.
Тибқи оморҳо, вобаста ба таҳлили фавти модарии сокини шаҳри Хуҷанд С. Боқиева бинобар сабаби салоҳиятнокии пасти касбӣ, иҷро накардани уҳдадориҳои вазифавӣ ҳангоми ташхис ва табобати зани ҳомила ва назорати минбаъдаи ӯ табиби амрози занона Сулаймонова Г. ва мудири шуъбаи якҷоягии модору кӯдак Таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд З. Абдуллоева, аз вазифаи ишғолкардаашон озод карда шуданд.
Дар соҳаи тиб, албатта, садҳо камбудӣ аз сабаби натиҷа набахшидани шикоятҳо ва ҳамчунин, ҳуқуқҳои шаҳрвандии худро надонистани шикояткунандагон, ба куҷо шикоят карданашонро надонистани онҳо “паси парда” мемонад. Оморе, ки дар сохторҳои гуногуни соҳаи тиб ва ё мақомоти дахлдор ба қайд гирифта мешаванд, ба қавле “қатрае аз баҳр аст”.
Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ҳолатҳои бепарвоӣ нисбат ба бемор, беаҳамиятӣ нисбат ба тахшис ва табобати ӯ, ба марг расонидани бемор аз бесалоҳиятӣ имрӯз як муаммои доғ дар ҷомеа ва дар соҳаи тандурустӣ гаштааст.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ