Суғд: Мусодираи наздики 20 кг маводи нашъадор аз як нафар
Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мардеро дастгир намудаанд, ки барои гардиши махсусан калони маводи мухаддир айбдор мешавад. Ин мард мувофиқи моддаҳои 200 ва 289-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар шудааст.
Кормандони агентӣ аз ин шаҳрванд, ки дар атрофи бозори Панҷшанбеи вилоят дастгир шудааст, 19 кг 890 грамм маводи нашъадори навъи ҳашишро мусодира намудаанд. Дар ин бора Фаррух Зиёзода — сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дод.
“Аз ҳама мусодираи махсусан калони маводи нашъадор ҳамин ҳодиса буд, ки моҳи ноябри соли гузашта рух дод. Нисбати ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ рафта истодааст”,- иброз намуд Фаррух Зиёзода.
Дар умум, дар вилояти Суғд соли гузашта 6 ҳазору 50 ҷиноят вобаста ба ошкор намудан ва бақайдгирии маводи мухаддир содир шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 578 ҷиноят кам шудааст.
Аз гардиши ғайриқонунӣ дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ 302 кг 183 грамм маводи нашъадор мусодира карда шудааст.
Фаррух УСМОНОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ