Суғд: Ошкори ду ҳолати муомилоти ғайриқонунӣ

Ду ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (хлопушка) ошкор ва мусодира гардид.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд.

Аз номбурдагон ба миқдори 7 ҳазору 520 дона маводҳои тарфгарии намуди «Трения» дарёфт ва гирифта шудааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Масъули матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ имрӯз дар сӯҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ҳолати мазкур чанд муддат пештар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ошкор шуда буд.

Бо ноболиғи ба ин амал даст зада ва волидайни ӯ низ сӯҳбат гузаронда, барои дар оянда такрор нашудани чунин ҳолат огоҳӣ дода шудааст.

Ҳоло мақомот барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бо ноболиғон ва волидайни онҳо корбариро ҷоннок намудааст. То дар арафаи соли нави мелодӣ аз ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *