Суғд: Тамоми имкониятҳо барои рушд истифода шудаанд
Вилояти Суғд яке аз вилоятҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо қаҳрамонон, ҳунармандон, паҳлавонони номӣ ва ҷонфидоёни асил ном баровардааст. Бо мурури замон ва бо ташкил ёфтани корхонаҳои гуногуни саноатӣ вилоят беш аз пеш муқтадир мешавад. Ҳамин аст, ки давоми 6 моҳи соли 2022 мардуми сарбаланди ин диёр дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқ корҳои муайянеро ба анҷом расонида, вилоят ба рушди назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2022 бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён шуда буд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуда, барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намудааст.
Суръати афзоиши истеҳсолот
Давоми шаш моҳи соли равон нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят ба 12 миллиарду 506,2 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш нисбати соли гузашта 107,3 фоизро ташкил намудаву ҳиссаи он дар нишондиҳандаи кӯтомуҳлати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 27,1 фоиз баробар гардидааст.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 11,1 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шудааст.
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардида, дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба миқдори 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум суръати афзоиши истеҳсоли нахи пахта 144,9 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 105,7 фоиз таъмин гардида, дар маҷмуъ, 6769,6 тонна нахи пахта ва бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 4 млн 45,3 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.
Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 6 моҳи соли 2022 ба миқдори 2433,9 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 127,6 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми шаш моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 75 корхонаву коргоҳи нав бо 2239 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намудаанд.
Гуфта мешавад, ки барои дар соли таҳсили 2022-2023 бо сарулибоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дўхтани либоси мактабӣ тақвият ёфта, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 392 ҳазору 536 дона либоси мактабӣ дўхта шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 138,1 фоиз таъмин гардидааст.
— Дар вилоят фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 254,7 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 72,2 ҳазор ҷуфт ё 1,4 баробар зиёд аст,- меафзояд манбаъ.
Рушди кишоварзӣ
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилояти Суғд маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 3 миллиарду 365,2 миллион сомонӣ расонидаанд, ки ба 112,1 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад.
Барои ҳосили соли 2022 дар масоҳати 279 ҳазору 854,4 гектар кишт гузаронида шуда, нақшаи кишти аксари зироатҳо таъмин гардидааст. То ин давра майдони кишти картошка ба 25 ҳазору 307,3 гектар расонида шудааст, ки ин нишондод нисбат ба кишти воқеии соли 2021-ум 185,4 гектар зиёд мебошад.
Майдони кишти зироати асосӣ, яъне пахта бо назардошти вазъи обу ҳаво дертар оғоз гардида бошад ҳам, дар майдони 57 ҳазору 199,3 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки нисбати кишти воқеии соли 2021 ба масоҳати 7 ҳазору 964,2 гектар зиёд аст.
Дар соли 2022 кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати 30 ҳазору 100 гектар, аз ҷумла дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ майдони 19 ҳазору 362 гектар пешбинӣ шудааст, ки аз масоҳати кишти такрории соли 2021-ум 2500 гектар ё 10,0 фоиз зиёд аст. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ майдони умумии кишти такрорӣ 6873 гектар ё баробари 35,5 фоизи дурнаморо ташкил намуда, кишт бомаром идома дорад.
Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 истеҳсоли картошка 4,3 тонна, сабзавот 4792,0 тонна, мевагиҳо 5 ҳазору 147,6 тонна ва полезиҳо 1431,4 тонна афзудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 26 ҳазору 978 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 8097,6 тонна, гӯшти моҳӣ 310 тонна, шир 139 ҳазору 403 тонна, тухм 380 миллион дона, пашм 1338 тонна, пилла 146 тонна ва асал 198 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 103,4 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 104,4 фоиз, гӯшти моҳӣ 110,4 фоиз, шир 101,8 фоиз, тухм 133,0 фоиз, пашм 102,0 фоиз, пилла 89,5 фоиз ва асал 106,6 фоиз таъмин гардидааст.
Дар соли 2022 тибқи дурнамо бунёди 230 гектар боғу токзор пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1-уми июни соли 2022 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 845,4 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбати нишондоди пешбинишуда 3,6 баробар зиёд мебошад. Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 148 гектар боғи интенсивӣ мебошад.
Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 570 гектар назардошт шуда, амалан дар масоҳати 866,6 гектар боғу токзор барқарор карда шудааст, ки 152,0 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.
— Дар моҳҳои январ-июни соли 2022 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 23 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмуъ, ба миқдори 3100 тонна маҳсулот, аз ҷумла 480 тонна орд, 97 тонна равғани растанӣ, 152 тонна гӯшти чорвою паранда, 122 тонна шакар, 114 тонна биринҷ, 756 тонна картошка, 286 тонна сабзӣ, 430 тонна бехпиёз, 772 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд,- меафзояд манбаъ.
Сохтмону таъмири роҳҳо
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 454,8 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 635,7 миллион сомонӣ иҷро гардидаанд, ки мутаносибан 113,4 ва 108,7 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар 6 моҳи соли равон ба маблағи 776,9 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 104,1 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 244,0 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 51,4 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.
Дар соли 2022 таъмиру тармими 2021,1 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, 1127,1 км роҳ аз таъмир бароварда шудааст, ки 55,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Гардиши савдо
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 6 моҳи соли 2022 ба 7 миллиарду 277,8 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2 миллиарду 4,9 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 107,1 ва 104,0 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба 1 миллиарду 416,8 миллион доллари амрикоӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138,0 фоиз таъмин гардидааст.
Ҳаҷми воридот 896,6 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 146,5 миллион доллар ё 19,5 фоиз афзудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 миллион долларро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 243,9 миллион доллар ё 1,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар 6 моҳи соли 2022 нахи пахта ба миқдори 20209 тонна ба маблағи 53,3 миллион доллар ва либосворӣ ба миқдори 694 тонна ба маблағи 11,0 миллион доллар содирот шудааст.
Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 164,6 миллион доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 184,9 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 326,2 миллион доллар содирот шудааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 86 ҳазору 980 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 365 ҳазору 182 тонна семент ба маблағи 10,9 миллион доллар содирот шудааст.
Афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 3212 тонна таъмин гардида, 92 ҳазору 875 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 22,0 миллион доллар ба бозори беруна бароварда шудааст.
Ҷалби сармоя
Бино ба гуфтаи дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 107,6 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 135,3 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 91,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 16,0 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ воридоти сармояи мустақим ба 53,4 миллион доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба 23,4 миллион доллар баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум мутаносибан 145,5 ва 106,4 фоизро ташкил намудааст.
Иҷроиши буҷет
Дар моҳҳои январ-июни соли 2022 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 106,3 фоиз таъмин карда шуда, ба буҷет 1 миллиарду 790,4 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 106,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1 миллиарду 175,5 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 1 миллиарду 227,6 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақша 4,4 фоиз ё ин ки 52,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят 440,4 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, дар амал 461,8 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки суръати афзоиш 104,8 фоизро ташкил медиҳад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 1 миллиарду 214,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1 миллиарду 213,5 миллион сомонӣ таъмин карда шудааст, ки баробари 99,9 фоизи нақша мебошад.
Дар баробари ин, афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 590,0 млн сомонӣ, тандурустӣ 255,3 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13,2 млн сомонӣ, фарҳангу варзиш 121,2 ва дар маҷмуъ 979,7 млн сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардидааст, ки 80,7 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил намудааст.
Рушди сайёҳӣ
Бино ба иттилои манбаъ, “бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди бемайлони соҳа як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд”.
Ҳоло дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ — Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Дар вилоят 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеҳои таърихию фарҳангиро фаро мегиранд.
Баррасии дархосту муроҷиатҳо
Гуфта мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуда, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1837 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳо 445 адад шифоҳӣ, 1316 адад хаттӣ, 17 адад аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 59 адад тавассути “Вайбер” ворид шудаанд.
— Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси вилоят ҳар ҳафта рўзи шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, масъалаҳои шаҳрвандон ҳал карда мешаванд,- меафзояд дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ