Суғд: Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
Чун анъана дар ярмаркаи мазкур маводи ғизоӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш баромад. Аз ҷумла, орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, тухм, гўшти гову гӯсфанд, моҳӣ, меваҳои гуногун ва дигар маҳсулоти зарурии рӯзгор пешниҳод гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал боздид карда, барои роҳандозии чунин иқдом дар оянда низ ба масъулин супоришҳо дод. Бояд гуфт, ки қобили зикр аст, ки ҳар рӯзи шанбе дар маркази шаҳр чунин ярмаркаҳо доир гардида, ҳадаф аз он таъмини дастрасии сокинон бо маводи ғизоии нисбатан арзон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ