«Суғдтекстайлз» дубора ба фаъолият оғоз мекунад
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ» Ҳошимян Гаги мулоқот кард.
Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи бакорандозии ҶДММ «Суғдтекстайлз» (собиқ корхонаи «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») ва модернизатсияи он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре таъкид карда шудааст, корхонаи мазкур фаъол гардонда шуда, иқтидорҳои истеҳсолӣ истифода ва ҳаҷми истеҳоли маҳсулоти саноатӣ зиёд карда хоҳад шуд.
Азсаргирии фаъолияти корхонаи азими саноатӣ, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад шуд, имкон медиҳад, ки ҳазорҳо нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд ва ба даст овардани музди меҳнат дар навбати худ сабаби ба баланд шудани некӯаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Дар назар аст, ки дар корхона таҷҳизоту технологияи олмонӣ васлу насб карда шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангубори матоъ таъсис дода шавад ва то 3500 нафар соҳиби ҷойи корӣ гарданд. Бо ин роҳ нақша ҳаст, ки коркарди пурраи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон сармоягузорон иқдом намудаанд, ки корхонаи истеҳоли равған дар шаҳри Конибодомро низ бо талаботи рӯз мувофиқ намуда, бо воридсозии таҷҳизоти муосири олмонӣ модернизатсияи онро ба роҳ монанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ