Суқути чархболи низомӣ дар Русия
Шаби 11 ба 12 декабр дар кишвари Краснодари Русия чархболи низомии Ми-28 суқут кард, ки боиси марги ду халабони он шуд. Дар ин бора расонаҳои Русия бо такя ба вазорати мудофиаи он кишвар хабар доданд.
Ба навиштаи расонаҳо, кушташудаҳо муовинони фармондеҳи полки ҳавоӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад, халабонҳои кушташуда таҷрибаи кофии идораи чархболро доштаанд. Бино ба фарзияи пешакӣ, мумкин аст, ҳавои меғолуд боиси суқути чархбол шудааст. Чархбол ба маҳзи аз замин канда шудан суқут кардааст.
Ми-28Н — чархболи тирандозест, ки дар нируҳои мудофиаи Русия, Ироқ ва Алжир истифода мешавад. Ин навъи чархбол ду ҷои нишаст дорад — халабон ва тирандоз. Чархбол бо тӯпи 30-миллиметрӣ муҷаҳҳаз аст ва ҳамзамон метавонад, мушакҳои идорашавандаву идоранашавандаро ҳамл диҳад. Чархболи дар Краснодар суқуткарда бидуни лавозимоти ҷангӣ буд, хабар медиҳад вазорати мудофиаи Русия.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ