Суқути тайёраи ғайриодӣ дар Қазоқистон
Бино бар иттилои Vesti.kg дар вилояти Актобеи Қазоқистон як пора оҳани ба тайёраи ғайриоддӣ монанд ба замин афтод.
Тавре шоҳидони ҳодиса ба расонаҳо гуфтаанд ин ҳодиса рӯзи 9 январ тахминан соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ рӯх додааст. Ба гуфтаи шоҳидон ҷисми ба замин афтода шабеҳи таёраи хӯрди ғайриодие буд, ки қисмати зиёдаш сӯхта, танҳо як порааш дар рӯйи барф мехобид.
Шоҳидон афзудаанд, ки пеш аз ҳодиса ду маротиба зарбаи баланди ба ҳам хӯрдани чизеро бо фосилаи 30-40 сония шунидаан.
Раиси ноҳияи Байганински вилояти Актобе Қайрат Утаров тасдиқ кард, ки пораи номаълум аз осмон афтидааст, аммо вай ин қисмро ба мушаки партофташуда монанд намекунад.
Ӯ ва ваъда дод, ки тафсилотро баъди инҷоми дадқиқот шарҳ хоҳад дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ