Суҳбати намояндаи Раисӣ бо Амирхон Муттақӣ
Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасани Козимӣ Қомӣ дар дидор бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мушкилоти муҳоҷирони афғон дар Эрон гуфтугӯ кардааст.
Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон гуфт, дар ин дидор Муттақӣ гуфтааст, ки «вақти афзоиши тиҷорати иқтисодӣ бо Эрон расидааст ва хостори эҷоди бахшҳое дар бахши тиҷорат ва транзит аст».
Ҳамзамон, Мутаққӣ хостори лағви маҳдудияти суратҳисобҳои бонкии тоҷирони афғон дар Эрон шуда, дар бораи зиндониёни афғон дар зиндонҳои Эрон, рӯшан кардани сарнавишти онҳо ва таслими онҳо ба давлати Афғонистон гуфтугӯ кардааст.
Вазири хориҷаи Толибон дар робита ба ҳаводиси Кирмон ва ҳаводиси баъд аз он аз ҳайати Эрон хостааст, ба ҳеҷ кас иҷоза надиҳад, ки бо чунин амалҳо ба равобити ду кишвар осеб расонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ