Суҳбати охирин бо Аловиддин Абдуллоев (видео)
Имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, актёр ва ҳаҷвнигори тоҷик Аловуддин Абдуллозода даргузашт. Ҷанозаи марҳум баъди зуҳри имрӯз дар шаҳри Бохтар бо иштироки ҳазорон нафар мухлисонаш баргузор шуд.
Одил Нозир, муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар як суҳбати видеоӣ бо ютюбканали Pressa.tj аз суҳбати охиринаш бо Аловуддин Абдуллозода гуфт.
Аловуддин Абдуллозода зодаи шаҳри Бохтар ва хатмкардаи Донишкадаи фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода буд ва солҳо дар театри шаҳри Бохтар кор мекард. Ин театр вижагиҳои худро дошт ва маҳз ин вижагӣ, ки бо номи «театри як ҳунарманд» маъруф аст, исми Аловуддинро дар миёни мухлисони ҳаҷв маъруф гардонд. Вай саҳнаҳои шӯху ҳазлиеро ба тамошо мегузошт, ки иҷрои чанд қаҳрамонро танҳо худаш ба уҳда дошт.
Аловуддин Абдуллозода то кунун дар даҳҳо намоишномаи театрӣ ва филмҳои ҳунарӣ нақш офаридааст. Мутахассисони соҳа аз Аловуддин Абдуллозода ба унвони ҳунарманди хушсалиқаи театр ва синамо ном мебаранд. Ӯ унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ