Суҳбати ошкорои Рафоати Ҷамшед

Тавре аксарият медонанд, чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар Инстаграм наворе паҳн шуд, ки аз маросими ҷаноза аст ва дар канораш сурати овозхони шинохта Рафоати Ҷамшед танзим шудааст.

Паҳнкунандагони навори мазкур иддао карданд, ки овозхон мурдааст. Дар баробари ин, ҳамон вақт телефони Рафоати Ҷамшед хомӯш буда, аҳли оила ва ҳаводоронаш ташвиш шудаанд.

Овозхон дар як суҳбати озод дар саҳифаи ҳаҷвнигор ва блогер Дӯстмурод Шарипов доир ба ин масъала ибрози назар кард:

— Каме саломатиам хуб набуд ва ҳамроҳи шавҳаршавандаам ба масҷид дуохонӣ рафта будем. Телефонам хомӯш буд ва дар ин муддат, ки навор паҳн шуд, тамоми аҳли оилаам дар ҳолати шок шуда, ба ман бешумор занг задаанд. Хулоса, аз масҷид баромадем ва занг задаму ҷонашон дар баданашон даромад. Мардум наворро дар саҳифаи шахсии худам ҳам диданд ва фикр карданд, ки ин корро худам ташкил кардаам, вале бояд бигӯям, ки чандест ба Инстаграм ворид шуда наметавонам ва ман ҳеҷ гоҳ бо марг шӯхӣ намекунам.

Рафоати Ҷамшед дар идома мегӯяд, ки нақшаҳои зиёд дорад, вале бархеҳо дилашро ба ҳаёту санъат сард мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дилгир аст ва чӣ кор карданашро намедонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *