Суҳбати озоду ошкорои Ҷамолиддин Абдуллозода бо беморон дар Ваҳдат
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ аз наздик дидан менамояд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи чунин иқдом вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, бо фаъолияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Беморхонаи марказӣ ва таваллудхонаи шаҳри мазкур шинос шуд.
Гуфта мешавад, ки аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии муассисаҳои болозикр шинос шуда, ҳамзамон бо як қатор беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом додааст.
— Махсусан зимни суҳбат бо шаҳрвандон номбурда доир ба тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки чун дигар манотиқи кишвар соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Ваҳдат низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст,- афзуд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ