Суҳбати судманд бо сарбозон дар водии Рашт

Бо ташаббуси гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини сарвазири кишвар Сатториён Матлубахон Амонзода дар водии Рашт дар доираи нақша бахшида ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату мулоқот бо сарбозон таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист» ташкил карда шуд.

Гуфта мешавад, ки дар чорабинии мазкур Ғаффорзода Нигорахон — муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ва Аҳмадзода Дилноза — муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироку суханронӣ намуда, ҳадафи ташкили чорабинӣ ва ҳамзамон дастоварду имкониятҳои ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳро дар замони соҳибистиқлолӣ баён дошта, дар адои уҳдадории ҳарбӣ ба сарбозон сарбаландӣ ва ба ҳайати шахсӣ дар фаъолияти содиқона барору комёбӣ таманно намудаанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳайати шахсиву сарбозону афсарон аз ҷониби мехмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *