Суҳбати телефионии Расулзода бо Мишустин

7 апрел Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Россия Михаил Мишустин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат ду сарвазир яке аз масъалаҳои мубрами рӯз — хуруҷи бемории сироятии коронавирусро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид карда шуд, ки дар ин вазъият ба роҳ мондани ҳамкории зич дар доираи сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин зарур ва саривақтӣ мебошад.

Ҳамзамон оид ба масъалаи содироти маҳсулоти барвақтии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурии дуҷониба дар ин самт ибрози назар карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *