Суғд: 18 тонна дорувории пастсифат нобуд карда шуд
Мақомот дар Суғд 18 тонна маводи дорувории пастсифат ваё муҳлати истифодааш гузаштаро нобуд кардаанд. Масъулони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ дар Суғд гуфтаанд, ки ин миқдор доруро дар се моҳи аввали имсол аз дорухонаҳои вилоят ва анборҳо мусодира намуданд.
Ин хадамот мегӯяд, қисмате аз дорувориҳои пастсифат дар пайи як рейди муштараки онҳо бо раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд мусодира шудааст.
Дар рейди муштараки ин ду ниҳод дар вилояти Суғд нисбат ба баъзе афрод, аз ҷумла масъулони «Саховати Истаравшан», «Эмити Интернешнл» ва «Уфуқ» парвандаи маъмурӣ боз шуда, онҳо ба пардохти ҷарима муваззаф гардидаанд.
Ҳангоми ин назорат як анбори ғайриқонунии нигоҳдории маводи доруворӣ низ дар шаҳри Хуҷанд ошкор шудааст. Ин анбор ба ширкати «Казфарма» тааллуқ доштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ