Суғд: 19 нафар аъзои як оила дар Сурия қарор доранд

Санаи 18-апрел суди вилояти Суғд як зани 71-сола, шаш узви оила ва наздиконашро ба иттиҳоми «қасди ҷиҳод» дар Сурия, аз 12 то 17 солӣ маҳкум ба зиндон кард.
Бино ба гуфти судияи суди вилояти Суғд Фирӯза Аҳмадзода ҳоло 19 нафар аъзои ин хонавода дар Сурия қарор дошта 9 нафари онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия боздошт ва тавасути давлати Озарбойҷону Қазоқистон моҳи феврали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд. Ду нафар аз судшаванда, ки яке бемории руҳӣ дорад ва дигар ноболиғ аст парвандаи ҷиноӣ нисбаташон қатъ карда шудааст.
Судшавандагон ба гуноҳи худ иқрор шуда гуфтаанд ки онҳо гумроҳ шудаанд ва мазмуни ҷиҳодро ғалат фаҳмида бар замии ин занҳои хонаводаро низ ҳамроҳ намудаанд. Азбаски занҳо тобеъи мардҳо будаанд ба куҷо ва барои чӣ сафар карданашонро аз мардҳо напурсида, аз накшахои онҳо бехабар дар ин сафари пурхатар шавҳарҳояшонро ҳамроҳӣ кардаанд…
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *