Суғд: 192 ҳолати қонунвайронкунӣ дар тақсимоти замин

   Аз тарафи нозирони кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми ҷорӣ бинобар дар ҳаракатҳои шаҳрвандони китъаи заминро худсарона ишғол намуда, аломатҳои ҷиноятӣ, ки қисми 2-и моддаи 338-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, барои бурдани тафтишоти пешакӣ маводҳои санҷишӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шудааст.

    Ба гуфтаи муовини аввали идораи кумитаи замини вилояти Суғд Абдураҳмон Мавлонов   чунин вайронкунии қонунгузорӣ оид ба замин аз тарафи нозирони кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 192 ҳолат ошкор карда шудааст. Аз ҷумла:- Ашт 24-адад, Айнӣ – 5 адад, Б.Ғафуров 19 — адад, Деваштич 6-адад, Зафаробод 4-адад, Истаравшан 31 — адад, Исфара 4 — адад, Конибодом 15 – адад, Гулистон 5 — адад, Мастчоҳ 9 — адад, Панҷакент 17 — адад, Спитамен 10- адад, Хуҷанд 12 -адад, Шаҳристн 6– адад, Ҷ.Расулов 15 – адад, Бӯстон – 4 адад ва 7 – адад.

   Инчунин дар давоми соли 2016 аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини вилояти Суғд 88 адад ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 50,68 га муайян карда шуда, ба ҳамаи онҳо оиди бартарафкунии қонуншиканиҳо дастурҳо дода шудааст.

                                                                                                                                             Фарзона Муродӣ

                                                                                

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *