Суғд: 200 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахтон ошкор шуд
Соли 2016 дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 200 ҳолати буриши ғайриқонунии дарахтон ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Темурҷон Румонзода ҳолати ғайриқонқнӣ буридан ва ё решакан кардани дарахтон бештар дар ноҳияҳои Ашт, Деваштич ва Шаҳристон ба қайд гирифта шуда, нисбати 4- нафар дарахтбурон парванда боз шудааст.
Ба иттилои Румонзода давоми соли 2016 дар 6602 объектҳо санҷишҳо гузаронида шуда, барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда ба роҳбарони объектҳо 11338 супоришҳои ҳатмӣ дода шудааст.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ