Суғд: 3490 парванда ба соли 2017 боқӣ монд
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар давраи ҳтсоботӣ дар судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамагӣ 45568 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, дархостҳо ва пешниҳодҳо ворид гардида, аз ин шумораи парвандаҳо 42078 адад баррасӣ гардида, 3490 адад парванда ба соли 2017 боқӣ мондааст.
Ба гуфтаи муовини раиси суди вилояти Суғд Манзура Рафиқзода, аз ин шумора 6334 адад парвандаҳои гражданӣ ворид гаридида, 5825 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.
“Ҳамзамон аз тарафи судҳои вилоят 16779 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуд”- афзуд Рафиқзода.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ