Суғд:491 адад ҷинояти коррупсионӣ ошкор шуд
Аз ҷониби кормандони Раёсати агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд 491 адад ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор карда шуд. Ба гуфти сардори Раёсат полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 179 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи сардори Раёсат дар ҳудуди вилояти Суғд ҷиноятҳои коррупсионӣ дар байни кормандони Мақомоти маҳаллӣ, соҳаи бонкӣ ва кормандони Кумитаи андоз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст:-“Ин раванди зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Гулистон, Истаравшан ва Мастчоҳ бештар ба чашм мерасад”- Иброҳимзода.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ