Суғд:70-80 дарсади техникаҳои кишоварзӣ фарсуда аст
Таҳлилҳои хосаи шӯъбаи бозрасии назорати давлати техникии кишоварзии вилояти Суғд нишон дод, ки ҳоло аз миқдори умумии техникаҳои кишоварзии ин вилоят 70-80 дарсадаш пурра фарсудаву корношоям шудааст. Барои таъмири техникаҳо солона беш аз 65 млн сомонӣ маблағ бояд харҷ кард, ки онро хоҷагидорон аз ҳисоби худ пардохт мекардаанд.
Аз баст, ки аксари техникаҳои кишоварзӣ аз замони Шӯравӣ то ба имрӯз меърос мондааст кори худро анҷом додаву дигар фарсудаву корношоям гардидааст. Ин ҳолат то ҷое барои саривақт анҷом додани корҳои агротехникӣ бино ба гуфти масъулин онҳоро ба мушкилӣ эҷод кардааст кардааст.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ