Суғд: 700 килограмм маводи мухаддир ба коми оташ рафт

700 килограмм намудҳои гуногуни маводи нашъадор, ки ҳалнома ва таъиноти судиашон ба тасвиб расидааст, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд сӯзонида шуд.

 Ҳамаги барои несту нобуд кардан аз рӯи 256 парвандаҳои ҷиноятӣ воситаҳои нашъадор таҳти назорати комиссия маҳв карда шуданд. Аз чумла, беш аз 25 килограмм героин, 422 килограмму 688 грамм ҳашиш, 143килограмму 892 грамм афюн, 37 килограмму 214 грамм бангдона, 5400 адад ниҳоли кӯкнор, 94 адад ниҳоли бангдона, 9 ампула фенобарбитал дар оташдон дар ҳарорати зиёда аз 1000 дараҷа гармӣ сӯзонида шудаанд.

Мухаддароти сӯзонидашуда натиҷаи фаъолияти милитсияи Суғд аст, ки дар доираи чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст.

Чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани воситаи нашъадор идомаи мантиқии мубориза бо гардиши маводи мухаддир буда, барои ба пурраги аз муомилот мондани воситаи нашъадор мусоидат менамояд.

Акбар Шарифӣ,

капитани милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *