Суғд: 902 ҳолати қочоқи молу маҳсулот

   Аз ҷониби гурӯҳи кории мақомоти прокуратураи вилоят 902 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи беш аз 7,5 млн. сомонӣ ошкор карда шуда, 1993 шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Аз ин ҳисоб ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ ҷарима ва 919 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлат ворид гардид.

Ба гуфтаи прокуратураи вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов бо гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ дар мағозаву нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 39 ҳазор шишаи нӯшокиҳои спиртии бе тамғаҳои аксизӣ дарёфт ва мусодира гардида, нисбати шахсони гунаҳкор 60 парвандаи маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

                                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *