Суғд: Ҳамсоя ҳамсояро зад
Бино ба мълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 22 ба 23-юми майи соли равон, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар саҳни ҳавлии истиқоматии ҳамсояаш марди 29-солаи сокини шаҳри мазкур, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ