Суғд: Автобусҳои нав имрӯз ройгон хизмат мекунанд

Имрӯз 1 август атобусҳои нав ба сокинон ва меҳмонони маркази вилояти Суғд ройгон хизматрасонӣ мекунанд. 

Бино ба гуфти сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод, бепул мусофиркашонӣ намудани 25 адад автобуси нави  “ЛИАЗ”  дастури  Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилоят буда, ин иқдом танҳо имрӯз сурат мегирад. Минбаъд то фаъол гардидани пардохти кортӣ ҳаҷми роҳкиро дар автобусҳои нав 1 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Ногуфта намонад, ки қаблан ҳаҷми роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд аз 20 то 30 дарсад боло рафта буд. Раҳкирои микроавтобусҳо дар Хуҷанд, ки қаблан 1 сомони буд аз тарафи идораи найлиёт то 1 сомониву 30 дирам боло бурда шуд. Ба ин нигоҳ нокарда, нархи роҳкиро дар автобусҳои наву замонавӣ поин бурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта 25 автобуси “ЛИАЗ” ба Хуҷанд ворид гардид ва қарор аст 75 чунин автобус ба маркази вилояти Суғд оварда шуда, ба мусофиркашонӣ шурӯъ кунанд.Ин автобусҳо дорои 25 ҷои нишаст буда, дар маҷмӯъ, гунҷоиши 70 мусофирро дорад ва микроавтобусҳои кӯҳнаро иваз хоҳанд кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *