Суғд: Бадмаст ҳамсараш ва хоҳари ӯро 13 корд зада кушт (Видео)
Бино ба иттилои СМ-1, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як марди 32 сола ҳамсар ва хоҳари ҳамсарашро бо зарби 13 корд ба ҳалокат расонид. Гумонбаршаванда Тӯхтасин Холиқов, сокини шаҳраки Ғафурови ноҳия дар ҳолати мастӣ бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ гардида хоҳари 25 солаи ҳамсарашро бо зарби ду корд ва худи ҳамсараи 26 солаашро ба зарби 11 корд ба ҳалокат расонидааст. Раёсати корҳои дохилии вилоятт Суғд иттилоъ медиҳад, ки ин куштор баъди муноқишаи лафзӣ ва дар назди кӯдакон ба вуқӯъ пайвастааст. Гумонбаршаванда баъди ҷинояти куштор ҷойи ҳодисаро тарк карда бо гузашти панҷ шабонарӯзи аз ҳодиса дар шаҳри Хуҷанд ба даст афтод. Дар робита ба ин ҳодисаи куштор нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ