Суғд: Бахти қаллоб хандиду вазифа гирифт
Замини моликияти истисноии давлат аст ва касе ҳақ надорад барои амалӣ кардани нақшаҳои фоидахоҳонаааш аз замин ва вазифаи хизматияш истифода барад. Аммо мутаасифона вақтҳои охир ҷиноятҳои қаллобӣ, тамаъҷӯӣ ва сӯйистифода аз вазифаҳои хизматӣ зиёд шудаанд. Яке аз чунин ашхос Сарибоев Илёсҷони 34 сола, сокини ноҳияи Спитамен Ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Сафедтеппа мебошад. Номбурда аз соли 2013 то дами ошкор шудани силсилақаллобиҳояш ба шумораи зиёди шаҳрвандон зарари калони моддӣ расонидааст. Айни ҳол нисбати номбурда бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастрасии моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда ба Сарибоев Илёсҷон ҷазои ниҳоӣ ба миқдори 230000 (дусаду сӣ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида, инчунин аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ ба муҳлати чор сол маҳрум шуд.
Аввалин қадами фиребкорона ва талаби 6000 доллар
Сарибоев Илёсҷон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба миқдори калон, миёнаҳои моҳи октябри соли 2013 ба боварии шаҳрванд Ёрматов Ҳалимҷон даромада, дидаву дониста, ки салоҳияти ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани қитъаи заминро ҷиҳати таъсис додани кооперативи истеҳсолӣ надорад, аз номбурда маблағи 6000 (шашҳазор) доллари ИМА талаб карда ваъда додааст, ки бар ивази он аз фонди захираи давлатии ноҳияи Спитамен майдони ду га қитъаи заминро ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад.
Бо ҳамин мақсад Сарибоев охирҳои моҳи октябри соли 2013 аз шаҳрванд Ёрматов маблағи 700 (ҳафтсад) доллари ИМА, аввалҳои моҳи июли соли 2014 маблағи 900 (нуҳсад) сомонӣ, охирҳои моҳи сентябри соли 2016 маблағи 3200 (сеҳазору дусад) сомонӣ, дар маҷмуъ маблағи 7438,93 сомонӣ гирифта, онро ба эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст.
Сарибоев, ки бори аввал 7438,93 сомонӣ пули берадимиёнро бо роҳи қаллобӣ гирифт ва ин ҷинояташ ошкор саривақт ошкор нашуд, гумон дошт, ки то дами дар вазифа будан бо ҳамин воситаи корбарӣ мекунад. Аз ин рӯ ӯ такроран аввалҳои моҳи феврали соли 2015 ба боварии шаҳрванд Валиҷонов Сардор дарома, ҷинояти пешинро такрор карда, бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз боварӣ ба миқдори 14000 (чаҳордаҳҳазор) сомонӣ барои ҷудо намудани 2 га замин гирифта jнро ба манфиати худ сарф кардааст.
Сеюм нафари луқмаи тамаъкоронаи Сарибоев гардида Сафаров Тошмат мебошад, ки моҳи июли соли 2016 бо фиребу ваъдаҳои амалинашаванда аз ӯ ба миқдори 13000 (сездаҳҳазор) сомонӣ гирифта, онро пурра ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Ин шахси ба пули муфт одаткарда бори чорум моҳи сентябри соли 2016 ба боварии шаҳрванд АбдувалиевУ.Д. даромада ваъда додааст, ки як қисми бинои бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии “Севара”-ро воқеъ дар ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Саидқалъа ба номи ӯ ҳамчун маркази савдо ва хизматрасонии маишӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Бо ҳамин мақсад Сарибоев аз шаҳрванд Абдувалиев маблағи 3500 сомонӣ аз они худ кардааст.
Пулро мегирифту ваъдаро фаромӯш мекард
Бо вуҷуди ин қадар ҷинояткорӣ бахт ба руи Сарибоев хандида, бо фармони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2016, таҳти №243 ба вазифаи и.в. муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен таъин гардида, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ доштаро таҳрезӣ намудааст. Ӯ аввалҳои моҳи сентябри соли 2016 аз шаҳрванд Назарқулов Акмал Абдусаломович маблағи пора ба андозаи 16000 (шонздаҳҳазор) сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки ба вай барои аз ҳисоби заминҳои фонди захираи давлатии ноҳияи Спитамен ҷудо намудани майдони 2 га замини корами шолӣ ва инчунин барои ҳуҷҷатгузорӣ намудан, мусоидат менамояд. Вале Сарибоев мисли амалҳои пешинааш ин пулҳоро ҳам ба манфиати шахсии худ истифода мебарад. Баъди вазифадорӣ чашми ӯ сер нагашта такроран бо истифода аз мақоми хизматӣ, ба боварии шаҳрванд Абдуллоев Рустам даромада бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаит замин аз ӯ 20000 (бистҳазор) сомониро гирифта, ваъдаашро фаромуш кардааст.
Ба ғайр аз ин, тахминан моҳи августисоли 2016 зимни дар вазифаи муовини кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен фаъолият доштанаш ба ў шаҳрванд Назарқулов Акмал барои ба номаш вобаста ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани қитъаи замини кооперативӣ аз заминҳои бекорхобидаи деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен муроҷиат маблағи 24000 (бисту чор ҳазор) сомонӣ тамаъ карда гирифтааст.
Шарифзода Бадриддин, Судияи суди вилояти Суғд
Фарзона Муродӣ, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ