Суғд: Баррасии парвандаи 7 пайрави «Салафия»
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муҳокимаи парвандаи 7 сокини ин ноҳия шурӯъ кард, ки барои пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи «Салафия» муттаҳаманд. Моҳи гузашта ҳамин додгоҳ дастикам 6 нафарро бо гуноҳи пайравӣ аз равияи «Салафия» ба зиндон фиристода буд.
Шокирбой Ашрафов, яке аз сокинони маҳкумшуда бо гуноҳи пайравӣ аз «Салафия» панҷуним соли ояндаро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард. Ҳукми ӯ рӯзи 23-юми июн ба иҷро даромад.
Мувофиқи маълумотҳои расонаҳо, додгоҳ айби пайравии Шокирбой Ашрафовро собитшуда унвон кардааст. Додгоҳ гуфтааст, ин сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз соли 2014 бо пайравӣ аз Усмон Раҳимов ном ҳаммаҳаллаи худ ба равияи «Салафия» гаравида, бо тарзи намозгузории худ аз дигарон фарқ мекард. Ба қавли ин манобеъ, Усмон Раҳимов соли 2016 аз сӯи мақомот дастгир ва ӯ низ бо қарори додгоҳ ба панҷуним соли ҳабс маҳкум шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ