Суғд: Беэҳтиётии 2 хонуми ронанда ҷони 6 нафарро рабуд
Сабаби садамаи маргбори шаҳри Гулистон, ки дохилаш ҳама занон буданд «суръати баланд» арзёбӣ карда мешавад. Дар пайи ин садамаи нақлиётӣ ронандазани 27 сола, дугонааш зани 21 сола ба ҳалокат расида як мусофири дигар бо барошти ҷароҳат дар беморхона бистарӣ шудааст. Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки ҳодиса дар роҳи нақлиётгарди шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) рух дода бино ба хулосаи ташхиси автотехникӣ сабаби садама суръати баланд мебошад. Баъди мувозинатро гум кардан нақлиёте, ки ҳомили занон буд аввал ба муҳофизи бетонии канори роҳ баъдан ба симчӯби барқӣ бархӯрдааст. Раёсати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар як ҳафтаи охир ин дуюмин садамаи маргбор дар қаламрави роҳҳои Суғд аст, ки ронандагонаш ҳама занон мебошанд. Сабаби ҳарду садама «суръатафзоӣ» гуфта мешавад, ки ҷони 6 нафарро рабуда чанд тани дигарро маҷрӯҳ намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ