Суғд: Бекор шудани 24 адад никоҳи хешу таборӣ

Дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 27 ҳазору 237 адад таваллуд  ва 5865 адад фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра шумораи таваллуд 1919 адад кам ва фавт 91 адад зиёд гардидааст.  Ҳамчунин шумораи бақайдгирии никоҳ дар соли 2017 ба 7505 адад баробар буда, он нисбат ба соли 2016 – 1400 адад кам мебошад. Бекор кардани никоҳ баръакс дар соли 2017 – 2109 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2016  272 адад зиёд мебошад. Дар ин бора сардори Раёсати САҲШ-и вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимзода зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот дод.

Зикр шуд, ки дар ин давра 24 адад ақди никоҳи хешу табории бакайдгирифташуда расман аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *