Суғд: Деҳқонон ба хонишҳои иқтисодӣ рӯй овардаанд

   Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд имрӯз 17 январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки деҳқонони ин вилоят хонишҳои иқтисодиро оғоз кардаанд. Раиси вилоят мегӯяд, онҳо дар пайи таҷдиди хоҷагиҳои калон беш аз 400 ҳазор деҳқононро дар шимолии Тоҷикистон соҳиби замин намуданд.

Аммо дар мавриди донишҳои хоҷагидорӣ қисми зиёди деҳқонон маълумоти кофӣ надоштаанд. Абдураҳмон Қодирӣ гуфт аз 63 ҳазор роҳбарони хоҷагиҳо тақрибан 95 дарсадашон бемаълумотанд.

Аз ин рӯ мақомот бо ҷалби олимон аз пойтахти Тоҷикистон бо роҳбарони хоҷагиҳо хонишҳои иқтисодиро ба роҳ мондаанд. Бо ин васила гуфта мешавад, ки хоҷагидорон бобати пешбурди кишоварзӣ соҳиби маълумот мегарданд.

                                                                                                                                                                      Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *