Суғд: Фолбин сари духтарро хӯрд
Мақомоти милитсияи вилояти Суғд нисбати зани фолбин парвандаи ҷиноиеро бо ҷурми қаллобӣ боз кардааст. Аз ин зан Маърифат Каримоваи 34 сола ном бурда мешавад, ки сокини шаҳри Истаравшан мебошад. Мақомоти милитсия мегӯяд, ин фолбин бо роҳи сеҳру ҷоду ва ҳадафи ба ҷавондухтари 19 сола наздик намудани дӯстдоштааш аз ӯ 206 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст. Ин миқдор маблағро ҷавондухтар бо роҳи дуздӣ ба даст оварда баъдан ба фолбин додааст. Аммо баъди ошкор гардидани ҳодисаи дуздӣ ҷавондухтар худро ба ҳалокат мерасонад.
179 фолбину ҷодугари суғдӣ бе “нон”монданд
Ёдовар мешавем, ки соли сипарӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД- вилояти Суғд 179 фолбину сеҳру ҷодугарон ва 22 нафар табибони ғайрикасбӣ ошкор ва ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод карда шуда, аз онҳо ба арзиши 16 400 сомонӣ ҷирима ситонида шудааст. Ба гуфтаи Обидҷон Шарипов аз 22-нафар табибони ғайрикасбие, ки ба бабобати хонагӣ пардохта буданд ва ба ВКД-и вилоят пешниҳод шуданд, ҳамагӣ 2- нафари онҳо иҷозатномаи давлатӣ ва ҳаққи хизматрасониро доштаанду халос. Боқимонда “табибон”, ки собиқаҳои чандсолаи корӣ доштанд ғайриқонунӣ фаъолият доштанд.
Шарҳи масъалаи фолбинӣ аз нигоҳи дини мубини Ислом ва саргузашти ду қаҳрамонро, ки баъди ба остонаи фолбин қадам мондан ба тақдирашон “дигаргунӣ” ворид кардаанд, дар шумораҳои баъдии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ