СУҒД:ФУТБОЛБОЗИ ДАСТАИ “АМИРӢ”-РО КУШТАНД?

    Тӯли як ҳафта аст, ки хабари кушта шудани қассоби ҷавон тамоми минтақаи Суғд, хосатан ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифтааст. Чуноне ки мегӯянд хабари шум  тез паҳн мегардад, илова бар ин дар дунбол ҳазору як росту дурӯғҳо дорад. Дар содир шудани ҳодисаи мазкур  низ саду як тахмину гумон ба гӯш мерасид. Яке мегуфт: “Гадо душмани гадо гуфтагӣ барин” яке аз футболбозон дар охирин бозии футбол гапаш бо Музаффарҷон гурехтаасту доим нияти қасос гирифтанро доштааст. Дуюмӣ мегуфт марҳум, ки қасоб аст доим дар кисааш пул буду охираш пулҳояш сарашро хӯрд. Сеюмӣ бошад кушторро ба кори дасти авбошону кӯчагардон рабт медод.

Аммо ин ҳодисаро сардори маркази матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов ба ҳодисаи нохуш рабт дода мегӯяд: —Марги Музаффар Зарипов ҳамчун ҷинояти куштор ба қайд гирифта нашудааст. Зеро чунин ҳодисаҳо дар рафти гузаронидани ташхиси тиббӣ ҳодисаи ҷиноӣ ё  нохуш буданашон маълум мегардад. Агар дар марҳум ҳолатҳои марги маҷбурӣ бошад, баъдан он ҳамчун ҳодисаи ҷиноӣ  аз ҷониби кормандони милитсия ба қайд гирифта мешавад. Вале ин ҳодисае, ки шумо дар назар доред дар рафти гузаронидани экспиртиза дар марҳум ягон ҳолати бо роҳи маҷбурӣ аз ҳаёт маҳрум сохта қайд нагардидааст ва  ба мақомоти таштишотӣ низ ирсол нагаштааст.

Идомаи  шаҳри ҳодисаро, ки аз забони наздикону пайвандони марҳум инъикос шудааст  дар шумораи нави ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *