Суғд: Худкушӣ 41 адад кам шудааст

 Давоми 9 моҳи соли 2017 дар ҳудуди вилояти Суғд 164 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки  аз ин  шумораш 70 нафар  занон  ва 94 нафар мардҳо мебошанд.

 Ба гуфти Сардори хадамоти иттилоотии Прокуратураи вилояти Суғд Каримбой Комилов  ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 41 адад кам буда, соли 2016 дар 9 моҳ 205 ҳодисаи худкушӣ аз ҷонибии мақомоти Прокуратура ба қайд  гирифта шудааст.

Амали бо роҳи маҷбурӣ худро аз ҳаёт маҳрум кардан дар ҳудуди ҷумҳурӣ ахиран рӯзи 24 моҳи равон дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Дар ин ҳодисаи худкушӣ духтарчаи ноболиғи 15, яъне хонандаи синфи 9-и  мактаби № 4-и ноҳия бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ зада буд.

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *