Суғд: Истеҳсоли 18 386 метр матои атлас ва адрас

Давоми нӯҳмоҳаи соли равон занони ҳунарманди марказҳои таълимӣ-истеҳсолии вилояти Суғд  18 386 метр матои атлас ва адрас истеҳсол карданд. Ба гуфтаи масъулини Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят аз миқдори умумии матоҳои истеҳсолгардида дар соли равон бештар аз 9,5 ҳазор метри он то имрӯз алакай ба фурӯш рафтааст.

Тӯли солҳои 2015-16 бо иқдоми раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба эёҳи ҳунарҳои миллӣ ва истеҳсоли матоъи атласу ардас  таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, шароит фароҳам оварда шуда буд. Инчунин барои беҳтарин ҳунармандон гарнтҳо ба арзиши 1000 то 3000 ҷудо шуда буд.

Инчунин дар шаҳрак ва ҷамоату деҳоти минтақа  беш аз 150 маркази ҳунаромӯзӣ ташкил карда шуд, ки теъдоди зиёди занони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *