Суғд: Кампири 71- сола ба Сурия рафт

Хабари ба Сурия рафтани як кампири 71-солаи тоҷикро рӯзи 1-уми апрел шунида, аввал гумон кардам, ки шӯхии 1-уми апрелӣ аст, вале баъдтар маълум шуд, ки ин ҳазл не, ҳақиқат аст. Ҳақиқати талхи ҳаёти як модари тоҷик, ки бегона не, фарзанди худаш бо роҳи фиреб ӯро ба ин кишвари ҷангзада бурда, ба доми бало гирифтор кардааст ва акнун ин зани солхӯрда 12- соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон мегузаронад…

Санаи 18-апрел суди вилояти Суғд Мавлуда Насриддиноваи 71-сола ва боз шаш узви дигари оилаи ӯро бо иттиҳоми «қасди ҷиҳод» дар Сурия, аз 12 то 17-солӣ ба паси панҷараи маҳбас равон кард.  Бино ба гуфти судяи суди вилояти Суғд,  Фирӯза Аҳмадзода ба ғайр аз 7 нафаре, ки суд шуданд, боз 19 узви ин хонавода айни замон дар давлати Сурия қарор доранд. Ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ 9-нафар аъзоёни ин оилаи ҷиҳодӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия боздошт шуда, тавассути Озарбойҷону Қазоқистон ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд. Ду набераи кампир бо сабаби ноболиғӣ ва бемории руҳӣ доштанашон аз ҷавобгарӣ озод карда шуда, 7-узви дигари хонаводаи Насриддинова барои аъмоли бадашон аз рӯйи қонун подоши сазовор гирифтанд…

Модар ба доми фиреби писар афтиду…

Дар рафти мурофиа судшавандаҳо ба гуноҳашон иқрор шуда гуфтанд,  ки сабаби асосии ба давлати ҷангзадаи Сурия рафтани онҳо маънии ҷиҳодро нафаҳмидан ва гумроҳӣ аст. Дар Исфара хурофот сахт буда, тамоми занҳо пойбанди шавҳаранд ва мард чӣ кореро, ки нагӯяд, бечунучаро ҳамонро мекунанд. Дар ҷараёни баррасии парванда маълум гашт, ки сабабгори асосии ба кӯйи бадномию бадбахтӣ афтидани аҳли ин хонаводаи калон низ писари 47-солаи Мавлуда Насриддинова Баҳодур будааст. Пеш аз оне, ки модар ва пайвандонашро ба Сурия барад, ин марди ба васвасаи “ҷиҳод” гирифторшуда 19-нафар хешони наздик, аз ҷумла аммаю аммадухтар ва амакбачаҳояшро бо ваъдаи биҳишти ҷовидон ва кор кардани пули калон ба ин кишвари ҷангзада бурда будааст. Вақте ки Баҳодури 47-сола: “Ман барои шумо омадам, тайёр шавед, хонаро фурӯхта, ҳамакаса ба Сурия меравем” мегӯяд, модари 71-солааш зид баромада, таъкид мекунад, ки ҷангу хунрезӣ ва таркишу бадбахтиҳои дар он кишвар ҳукмронро қариб, ки ҳар шаб тариқи телевизион намоиш медиҳанд ва ҳамаи инро дидаю дониста, худро ба коми оташи ҷанг партофтан беақлӣ аст. Баҳодур зиддияти модарро дида, бо тамоми муқаддасоти олам қасам мехӯрад, ки хабарҳо дар бораи ҷангу хунрезӣ дар Сурия дурӯғанд.

“Мақсади ман соҳиби ҷойҳои кори хуб шуда, пул кор кардан аст, на ҷиҳод ва ҷангу ҷидол. Сурия ҷойҳои ободи орому осудае дорад, ки таркиш он тараф истад, ҳатто ягон бор садои тир дар он ҷойҳо баланд намешавад. Насиб бошад, рафта расем, ҳамаашро бо чашми худатон мебинед, касе дар он ҷо пишаки шуморо пишт намегӯяд. Модарҷон, то дами ба дилатон задан дар он давлат зиндагӣ мекунем, дидед, ки маъқул нашуд, бозпас ба Тоҷикистон меоем”,- домони модар ва аҳли оилаашро бо чормағзи пуч пур карда, маккорона мегӯяд Баҳодур.

Ҳамин тавр ин зани солхӯрда ба савганди дурӯғини писараш бовар карда ба тарки ватан намудан розӣ мешавад ва Баҳодур хонаашро дар шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Навгилем, кӯчаи Навгилем ба Самадов ном шахс фурӯхта, ҳамроҳи ҳамсару фарзандон ва модари 71-солааш роҳ ҷониби Сурия пеш мегирад, аммо…

Интернет гунаҳкор?!

Тавре ки гуфтем, гунаҳкори асосии сарсонию бадбахтиҳои ба сари ин оилаи осоишта омада фарзанди ҳамин хонадон Баҳодур Насриддинов мебошад, ки 47 сол дорад. Баҳодур Насриддинов давоми солҳои 2011-2013 дар шаҳри Душанбе ҳамчун сармуҳосиби ширкати сохтмонии «Торговый дом» фаъолият намуда, бо аҳли оилааш дар маҳаллаи 46 истиқомат дошт. Муддате бе кор монда, ин марди соҳибмаълумот ба сомонаҳои иҷтимоӣ мароқ зоҳир менамояд. Тавассути интернет бо ташкилотҳои экстремистиву террористӣ алоқа барқарор намуда, ин марди ба васвасаи биҳишт гирифтор на танҳо худаш, балки  аҳли оила ва хешу табори наздикашро низ ба гирдоби фалокатбори ақидаҳои экстремистонаи ин гурӯҳҳои ифротӣ тела медиҳад.

Орзуи “Биҳишт” ба дӯзах бурд

Хуллас, баъди таблиғу ташвиқи зиёд бо ваъдаи сафар ба биҳишти рӯйи замин Баҳодур аз модари 71-солааш сар карда, то духтарони ҳомиладору кӯдакони ноболиғ, хуллас, тамоми аҳли авлодашро ба дом афканда, ҷамъулҷамъ 28-нафарро ба тарки ватан намудан розӣ месозад. Моҳи марти соли 2017 ба ҷуз як зан аз ин авлод, ки ҳомила будааст, дигар ҳама, яъне 27-нафар рахти сафар баста, аз Тоҷикистон ба Қазоқистон, аз он ҷо ба Туркия мераванд. Ду мусофирбари аввал, ки дар онҳо 9-нафарӣ, дар маҷмӯъ 18-нафар аҳли ин авлод буданд, марзро убур намуда, ба хоки Сурия ворид мешаванд, мусофирбари сеюмро, ки модари 71-сола ва аҳли оилаи ташкилкунандаи ин сафари хатарнок-Баҳодур Насриддинов дар он буданд, мақомоти қудратии Туркия боздошт намуда, мусофирони азми ҷиҳод доштаро ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурданд.

…охир ба дастӣ малахак

Пас аз баррасии ҳамаҷонибаи ин парвандаи пурсарусадо суд ба ҳар як гунаҳкор аз рӯйи дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиркардааш ҷазои сазовор дода, роҳбари гурӯҳ Баҳодур Насриддиновро ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Аъзоёни дигари ин “экипаж” низ бе ҷазо намонданд, аз ҷумла модари 71-солаи Баҳодур Насриддинов Мавлуда Насриддиноваро суд ба 12-соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин синну сол мебоист модар дар ҳалқаи писару духтар ва набераву абераҳояш давлати пирӣ ронад, аммо бо гуноҳи фарзанди нохалаф ин пиразани солхӯрда умри боқимондаашро дар паси панҷараҳои зиндон пушти сар хоҳад кард…

Домод ба бало гирифтор шуд

Фарзона Насриддиноваи 19-сола мисли аксар духтарони исфарагӣ аз хати кашидаи падараш берун намебаромад. Дар Сурия бо амри падар Фарзона бо Насруллохон Абдувалиев ном ҷавони маҳаллаашон никоҳ карда, зану шавҳар шуданд. Волидони ҷавон аз аввал ба ин издивоҷ розӣ набуданд. Онҳо аз он афсӯс мехӯранд, ки писари зудбоварашон аз содагӣ бе тӯю тамошо Фарзонаро ба занӣ гирифта, бо касофатии ин оила ба доми бало гирифтор гашт ва акнун умри ҷавонашро дар паси панҷара мегузаронад.

Фарзона дар зиндон модар мешавад?

Фарзонаи 19-сола, ки падараш Баҳодур Насриддинов ӯро бе нағмаю усул ва тӯю тамошо бо як коса об ба шавҳар додааст, аллакай дар батнаш тифли 7-моҳа дорад. Тамоми мардҳои ин оилаи бадбахт ва хешу таборашон дар мурофиаи судӣ фақат як хоҳиш доштанд, ки ба хотири тифлаки батнаш Фарзона аз ҷавобгарӣ озод карда шавад, вале ҷиноят ҷиноят асту суд ҳаргиз ягон ҷинояткорро бе ҷазо намемонад. Тани Фарзонаи бадбахт бо гуноҳи падари ба васвасаи хурофоти динӣ гирифтораш дар рӯзи тӯяш куртаи сафеди арӯсиро надида буд, акнун ин арӯси хаппак бо касофатии падараш кати таваллудхонаро ҳам надида, тифли нахустинашро дар даруни панҷараи зиндон бо оби дида ба дунё меорад. Фарзона шояд гуноҳ дошта бошад, аммо гуноҳи ин тифли берӯзӣ чист, ки аз беандешагии бобояш ба чунин тақдири талх рӯ ба рӯ гашта, баъди ба дунё омадан боз 11-соли дигар дар паси панҷара бояд умр ба сар барад?!

Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ

Баҳодур Насриддинов танҳо ҳаёти модар ва духтарашро насӯхтааст, бо гуноҳи ин марди хомхаёл боз чанд зану духтарони ин авлод, аз ҷумла  Шоҳина ва Мушоҳирахон Нуриллоеваҳо низ минбаъд 12 соли умри ҷавонашонро дар паси панҷара мегузаронанд. Шоҳида Нуриллоеваи 24- сола ва Маърифат Насриддиноваи 16-сола низ бо васвасаи Баҳодур ба Сурия сафар карда буданд, вале аввалиро бо далели бемории руҳию дуввумиро ба хотири ноболиғ буданаш суд аз ҷавобгарӣ озод намуд.

Бе муттако

Ягона аъзои ин оила, ки номаш бе доғи судӣ мондааст, Замира аст, ки тифли батнаш ӯро аз сарсонию бадбахтию бадномӣ наҷот додааст. Танҳо ба хотири ҳомиладор буданаш пайвандонаш Замираро ба ҳоли худаш гузошта ба сафар ба Сурия маҷбур накарданд, вагарна шояд имрӯз ӯ ҳам дар пушти панҷара мебуд. Замира дар озодӣ бошад ҳам, гулхани сӯзони алами зиндаҷудоӣ аз пайвандони гумроҳаш ӯро дарун ба дарун сӯхта, хокистар месозад, охир нисфи авлодаш дар кишвари ҷангзадаи Сурия овораю сарсон, Худо медонад, ки зиндаанд ё мурда, қисми дигараш дар пушти панҷара, магар таҳаммул кардани ин қадар дарду доғ осон аст?!

Худованд ба ҷумла бандагонаш ақли солим диҳад, то мисли Баҳодур  наздиконашонро бо дасти худ ба гирдоби бадбахтию бадномӣ тела надиҳанд….

 Фарзона Муродӣ 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *