Суғд: Куштор дар ошхона

Сокини 35-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иттиҳоми куштор аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  дастгир шудааст.
Аз рӯи маълумоти ниҳоди мазкур, боздошти ин муттаҳам 8 октябр дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифтааст.  Мегӯяд, ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар яке аз ошхонаҳои ноҳияи Шаҳристон кор мекардааст, 7 октябр тахминан соати 22:40 дар ҳавлии ошхона, дар пайи муноқиша бо корд ба қафаси синаи ҳамдеҳаи 42-солаи як маротиба задааст: “Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Аз рӯйи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *