Суғд: Мақсади баргузори мизи мудаввар чӣ буд?

       Дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони соҳаи тандурустӣ ва дигар масъулони сохторҳои давлатии вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавввар баргузор шуд.

    Тавре аз хадамоти матбуотии  МИҲД-и Суғд ба мо иттилоъ доданд  дар мизи мудаввар дар баробари баррасии масъалаҳои марбут ба ҳифзи саломатии модару  кӯдак, ҳамзамон роҳҳои ҳалли муаммоҳо вобаста ба наврасон ва ҷавонон низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни сӯҳбат сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Абдусалом Ваҳҳобзода таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ пеш аз ҳама мустаҳкам намудани муносибати дӯстона миёни аҳолии наздисарҳадӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманди кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбутаи вилояти Боткент ва вилояти Суғд мебошад.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки чорабинии мазкур бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳмгузории ташкилоти ҷамъиятии «АНТИ» ва ташкилоти байналмиллалии ЮНИСЕФ роҳандозӣ гардид.

Сипас ҷонибҳо доир ба дастовард, мушкилот ва дурнамои фаъолияти соҳаҳои тандурустии ду вилоят маълумотҳо ироа намуда, барои истифода аз таҷрибаи ҳамдигар мубодилаи афкор намуданд.

                                                                                                                                Фарзона Муродӣ

Конец формы

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *